Кореяи Шимолӣ бори дигар ба кишвари ҳамсоя, Кореяи Ҷанубӣ бо дрон пуфакҳои пур аз партов фиристод.
Ин шеваи наве аз ҷониби Кореяи Шимолӣ нисбат ба кишвари ҳамсояаш ҳаст, ки аз моҳи май оғоз шудааст.
Кореяи Шимолӣ як кишвари қафомонда буда, дар инзивои байналмилалӣ қарор дорад. Баръакси он, Кореяи Ҷанубӣ як кишвари демократӣ ва аз нигоҳи саноатӣ пешрафта аст. Ин ду ҳамсоя солҳост бо ҳам ихтилоф доранд.
Чанд моҳ пеш Кореяи Ҷанубӣ тариқи дрон, дар чунин халтаҳо ба Кореяи Шимолӣ варақаҳои таблиғотӣ, филму сурудҳои замонавӣ, ки дар ин кишвар манъ ҳастанд, фиристода буд. Дар варақаҳо аз мардуми Кореяи Шимолӣ даъват мешуд, ки ҳукумати Ким Чен Инро сарнагун кунанд.
Кореяи Шимолӣ гуфтааст, дар посух ба ин амали Кореяи Шимолӣ ба ин кишвар халтаҳои партов фиристодааст.