ВКД иддаои латукӯби зан аз ҷониби шавҳарро тасдиқ накард

Ин зан иддао дошт, ки шавҳараш ӯро задааст.

Пулиси Душанбе иддаои як занеро, ки мегуфт, шавҳараш ӯро сахт латукӯб кардааст, тасдиқ накард.

Рӯзи 17-уми июл як зани 28-солаи сокини Душанбе бо нашри акси чеҳраи сиёҳу кабудаш дар шабакаҳои иҷтимоӣ иддао кард, ки шавҳараш ӯро пайваста мезанад. Ӯ дар ин паёмаш навишта буд, ки дигар наметавонад хомӯш бимонад, чун мумкин аст, кушта шавад.

Раёсати ВКД-и пойтахт хабар додааст, ки арзи занро таҳқиқ кард, вале “ҳамаи ваҷҳҳои зикрнамудаи ҷабрдида тасдиқи худро наёфтанд.”

Назари ин зан маълум нест ва пулис ҳам шарҳ надодааст, ки осори сиёҳиву кабудӣ дар чеҳраи ин зан аз куҷо пайдо шудааст.

Моҳе пеш Рухшона Раҳматуллоева, ки бо тахаллуси “Соффи” дар Инстаграм саҳифа дорад, шикоят карда буд, ки аз тарси латукӯби шавҳараш аз хона фирор кардааст. Пулис шавҳари ӯро боздошт ва барои “ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ” ҳафт рӯз зиндон карда буд.