Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, бозӣ миёни дастаҳои мунтахаби Узбекистону Тоҷикистон, ки 19-уми июл дар маҷмааи варзишии «Юнусобод»-и Тошканд доир гардид, ҷолибу пуршиддат сурат гирифт.
Самандар Ризомов, бозигари мунтахаби Тоҷикистон, дар дақиқаи чаҳорум ҳисобро кушод. Баъди панҷ дақиқа ҳисоб баробар шуд – 1:1. Тӯбро Комрон Алиев, бозигари меҳмонон, ба дарвозаи дастааш зад.
Пас аз як дақиқа Суннат Ҷӯраев, бозигари мизбонон, ҳисобро тағйир дод – 2:1. Илҳом Ҳамроев аз тими мизбон дар дақиқаи 33-юм тӯбро ба дарвозаи дастааш зада, ҳисобро баробар кард – 2:2. Голи ҳалкунандаро Ихтиёр Рофиев, бозигари мизбонон, дар дақиқаи 34-ум ба самар расонд - 3:2.
Дар бозии дигари даври аввали мусобиқа тими миллии Қирғизистон мунтахаби Гватемаларо бо ҳисоби 4:3 шикаст дод.
Баъди натиҷагирии даври аввал дар ҷадвали мусобиқа дастаҳои мунтахаби Қирғизистону Узбекистон бо сеимтиёзӣ пешсафанд. Тимҳои Тоҷикистону Гватемала имтиёз нагирифтаанд.
Дар даври дувуми мусобиқа 20-уми июл мунтахаби Тоҷикистон бо тими миллии Гватемала ва дастаи Узбекистон бо мунтахаби Қирғизистон рақобат мекунанд.
Дар ин мусобиқа, ки то 24-уми июл дар Тошканд идома меёбад, дастаҳои мунтахаби Узбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ва Гватемала ширкат варзида, дар марҳилаи гурӯҳӣ дар як давра бозӣ мекунанд.
Ду дастаи пешсаф ба финал роҳ меёбад, тимҳое, ки дар марҳилаи гурӯҳӣ ҷойҳои 3-4-умро мегиранд, барои медали биринҷӣ мубориза мебаранд. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии «Юнусобод»-и Тошканд баргузор мешаванд.
Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо раҳбарии сармураббӣ Пайрав Воҳидов 15 нафар – 4 дарвозабон ва 11 бозигари майдонӣ дохиланд.
Бояд гуфт, барои тимҳои миллии иштироккунандаи мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Мираброр Усмонов як марҳилаи омодагии дастаҳо ба Ҷоми ҷаҳон-2024 мебошад, ки аз 14-уми сентябр то 6-уми октябр дар Узбекистон барпо мегардад.
Дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми ҷаҳон-2024 мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «Е» бо дастаҳои яккачини Марокаш (16-уми сентябр), Португалия (19-уми сентябр) ва Панама (22-юми сентябр) бозӣ мекунад.
Ёдовар мешавем, дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар қаҳрамонии футзали Осиё, ки моҳи апрели имсол дар Бангкоки Тайланд доир гардид, мақоми чаҳорумро касб намуда, ба марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2024 роҳ ёфт.
Бар асоси натиҷаҳои Ҷоми Осиё-2024 панҷ дастаи беҳтарин ба қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат гирифт. Аз қораи Осиё ба ҷуз аз тими миллии Узбекистон (ба ҳайси мизбон), тимҳои мунтахаби Эрон, Тайланд, Тоҷикистон ва Афғонистон ба Ҷоми ҷаҳон-2024 роҳ пайдо карданд.
Дарвоқеъ, тими миллии Афғонистон, ки бори аввал дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё ширкат кард, то ба даври чорякниҳоӣ расид ва нахустин маротиба ба Ҷоми ҷаҳонии футзал роҳ ёфт.
Мусобиқаи байналмилалии футзал ба хотираи Мираброр Усмонов
Иштироккунандагон:
Узбекистон
Тоҷикистон
Гватемала
Қирғизистон
Даври 1-ум
19 июл (ҷумъа)
Қирғизистон – Гватемала – 4:3
Узбекистон – Тоҷикистон – 3:2
Голҳо: Самандар Ризомов, 4 (0:1). Комрон Алиев, 9 – ба дарвозаи худ (1:1). Суннат Ҷӯраев, 10 (2:1). Илҳом Ҳамроев, 33 – ба дарвозаи худ (2:2). Ихтиёр Рофиев, 34 (3:2).
Даври 2-юм
20 июл (шанбе)
17:00 – Тоҷикистон – Гватемала
19:30 – Узбекистон – Қирғизистон
Даври 3-юм
22 июл (душанбе)
17:00 – Тоҷикистон - Қирғизистон
19:30 – Узбекистон – Гватемала
24 июл (чоршанбе)
17:00 – Бозӣ барои ҷойи сеюм
19:30 – Финал
Макони баргузории мусобиқа: Тошканд, маҷмааи варзишии «Юнусобод».