Бо вуҷуди даъватҳои афзоянда, Байден пойфишорӣ дорад, ки муборизаашро барои курсии аввал идома медиҳад.
Рӯзи 19 июл шумори ҳарчи бештари қонунгузорони демократ аз президенти ИМА Ҷо Байден даъват карданд, ки аз номзадии дуборааш дар интихоб даст кашад, вале президент исрор меварзад, ки омода аст ҳафтаи оянда ба маъракаи пешазинтихоботӣ баргашта дар муқобили рақиби ҷумҳурихоҳаш Доналд Трамп қарор гирад.
Баъд аз нахустин мубоҳисаи интихоботии нокомаш бо Трамп шумори ҳарчи бештари ҳамсафонаш аз ҳизби демократӣ аз ӯ даъват доранд, ки аз ширкат дар интихоботи имсола даст кашад. Шумори тарафдорони чунин қарор тахминан ба сӣ нафар баробар мешавад. Худи Байден феълан бо сабаби ба COVID-19 гирифтор шуданаш дар хонааш дар Делавэр дар инзиво қарор дорад.