Чунин пешниҳод рӯзи 19 июл дар шаҳри Кӯлоб дар кори мизи мудавваре садо додааст, ки ба «Саҳми Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар амалишавии ислоҳоти милитсия» ихтисос ёфта буд. Ба навиштаи сомонаи ВКД Тоҷикистон, ин нишаст дар чаҳорчӯби Барномаи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2021-2025 ҷараён гирифт, ки онро ВКД Тоҷикистон ва Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе амалӣ мекунанд.
Дар хабаре оид ба баргузории ин нишаст, аз ҷумла, омадааст, ки барои беҳбуди кори “шӯроҳои ҷамъиятӣ, ҳарчи наздик сохтани аҳолӣ бо милитсия ва иштироки шаҳрвандон дар раванди ислоҳоти милитсия” бояд “ҳисоботи давравии нозирони минтақавии милитсия дар назди аҳолӣ мунтазам ба роҳ монда шавад, то ин ки шаҳрвандон вобаста ба вазъи криминогении минтақаи истиқоматиашон маълумот гирифта дар бартарафсозии он иштирок намоянд”.
Маълум нест, оё чунин таҷриба роҳандозӣ хоҳад шуд ё фақат дар коғаз мемонад, чун феълан чунин пешниҳод бештар аз ҷониби САҲА - як созмони шарики Тоҷикистон ва ҳомии арзишҳои демократӣ садо додааст.
Ин пешниҳод дар ҷаласае бо иштироки ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД Сафиалло Азизуллозода, намояндаи Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе Ҳайдар Маҳмадиев ва раисони шӯроҳои ҷамъиятии Гурӯҳи ноҳияҳои Кӯлоб садо додааст.
Вале мунаққидон аз нақши ҳарчи бештар саркӯбгаронаи полис дар Тоҷикистон ва эътимоди ками аҳолӣ ба кори ходимони ҳифзи қонун изҳори нигаронӣ мекунанд, чун ҳодисаҳои боздоштҳои худсаронаву бадрафторӣ нисбати афроди дастгиршуда ва муҳокимаҳои ноодилона зиёд садо медиҳад.