Дар бораи ин моҷаро Радиои Озодӣ рӯзи 16 июл гузориш дода буд, вале видеои воқеаро дар даст надошт. Онро нафаре бо номи Закариё Муминзода ба Радиои Озодӣ фиристода ва гуфтааст, ки фарзанди Зоҳир Муминзода аст ва падараш бесабаб сарбозро латукӯб накардааст. Ба гуфтаи ӯ, дар гузоришҳо роҷеъ ба моҷаро назари ҳама тарафҳои ҳодиса ба инобат гирифта нашудааст ва махсусан он ки сарбоз ба додрас ҳамла кардааст. Вале худи навор далели ин ақида шуда наметавонад.
Видеое, ки камераҳои назоратӣ нимашаби 8-уми июл сабт кардаанд, нишон медиҳад, ки Зоҳир Муминзода бо зӯр аз мошинаш берун омада ва сарбозеро, ки пеши тирезаи мошинаш истодааст, се мушт мезанад ва баъдан ҳамроҳи ӯ ва сарбозони дигар монеи идомаи латукӯб мешаванд.
Ба қавли манобеи Радиои Озодӣ, марзбони ҷавон ҳангоми ворид шудани Зоҳир Муминзода ба ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, воқеъ дар марзи Афғонистон ҳангоми тафтиш аз ӯву ҳамроҳаш мехоҳад, санадҳояшро барои шиносоӣ пешниҳод кунад. Зоҳиран дар ин миён баҳсе сурат мегирад ва Зоҳир Муминзода ба сарбози неруҳои марзбонӣ дарафтода ва ӯро мезанад.
Хабари ин ҳодисаро бори аввал Радиои Озодӣ 16-уми июл пахш кард. Он рӯз талоши мо барои суҳбат бо Зоҳир Муминзода бенатиҷа буд.
Ин хабар дар шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишҳои зиёдро ба миён овард. Гуруҳе раиси додгоҳро барои задани сарбоз танқид карданд ва гуруҳи дигар аз Зоҳир Муминзода тарафдорӣ карда навиштанд, ӯ ин корро накардааст.
Сомонаи президенти Тоҷикистон рӯзи 18-уми июл хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласае аз "рафтори ношоиста ва ғайриоинномавӣ"-и раиси додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ёд карда, фармон додааст, ки "ӯ натанҳо аз вазифа озод гардад, балки аз мақомоти судӣ комилан ронда шавад".
Додгоҳи олии Тоҷикистон рафтори Зоҳир Муминзодаро таҳқиқ мекунад. Додситонии низомӣ дар минтақаи Кӯлоб шоҳидон ва сарбозе, ки иддао мешавад, латукӯб шудааст, ба бозпурсӣ даъват кардааст.