Навори баҳси раиси додгоҳ бо сарбози Неруҳои марзбонӣ
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Радиои Озодӣ видеои латукӯби сарбозеро ба даст овард, ки дурустии гузориши пешинаи моро тасдиқ мекунад. Радиои Озодӣ рӯзи 16 июл хабар дода буд, ки Зоҳир Мӯъминзода, раиси Додгоҳи ноҳияи Шамсиддини Шоҳин як сарбозро танҳо барои талаби ҳуҷҷати ҳамсафараш маврди латукӯб қарор додааст.