Ду наврас ба сабаби заҳролудшавӣ дар вилояти Хатлон вафот карданд. Иброҳимҷон Қосими 5-сола ва Абубакр Аламшоҳи 11-сола шаби 16 ба 17-уми июл дар бемористонҳои Кӯлоб ва Восеъ даргузаштаанд. Маълум нест, ки онҳо аз чӣ заҳролуд шудаанд.
Пизишкони бемористонҳои Кӯлоб ва Восеъ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, рӯзи 12-уми июл аҳволи Абубакри Аламшоҳ бад мешавад ва ӯро ба бемористони Восеъ меоранд.
“Ба ин наврас сӯзандору гузаронда ба хона мебаранд, аммо аҳволаш боз бадтар мешавад. Баъди ин Абубакро ба беморхонаи Кӯлоб оварда бистарӣ карданд ва ӯ шаби 16-уми июл вафот кард. Ташхисҳои аввал нишон дод, ки ӯ заҳролуд шудааст. Иброҳимҷон Қосимро як рӯз баъди Абубакр дар беморхонаи ноҳияи Восеъ бистарӣ кардаанд, ки шаби 16 июл ӯ низ даргузашт,"-гуфтанд аз бемористонҳои Восеъ ва Кӯлоб.
Ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ гуфтанд, ба ҷуз ду навраси фавтида, боз панҷ кӯдаки дигар бо гумони заҳролудшавӣ дар беморхонаи ноҳияи Восеъ бистарӣ шудаанд. Ҳамаи онҳо сокинони деҳаи деҳаи Баҳористони ин ноҳия ҳастанд.
Пизишкон мегӯянд, аз наврасон хун гирифта, барои барои ташхис ба Душанбе фиристодаанд, то дақиқ шавад, ки онҳо аз чӣ заҳролуд шудаанд.
Заҳролудшавӣ ва фавти сокинон дар Тоҷикистон қаблан низ иттифоқ афтода буд. Дар бештари ҳолатҳои заҳролудшавӣ, ки расонаӣ мешавад, сокинон аз ғизои консервашуда ва дуди ангишт заҳролуд мешаванд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Ҳалокати се узви як оила аз дуди ангишт дар ТоҷикистонҶузъиёти марги Музаффар Давлатов, ҳамсар ва чор фарзандаш дар ДушанбеҲалокати 6 узви як хонавода аз дуди ангишт дар Душанбе