Дар Қазоқистон муштариҳои вагонҳои занона афзоиш меёбанд

Қатори самти Остона-Чу. Акс аз соли 2019

Дар Қазоқистон қаторҳое, ки занону кӯдаконро мебаранд, бештар мешаванд.

Ширкати роҳи оҳани Қазоқистон ("Казахстан темир жолы") хабар дод, ки шумори вагонҳои махсус барои интиқоли занону кӯдакон аз ҳашт адади пешин то 11 адад афзоиш меёбад. Ин вагонҳоро дар масири "Остона-Семей", "Оқтеппа-Алмато" ва "Алмато-Шимкент" ба ҳаракат даровардаанд.

Ширкат мегӯяд, муштариёни билети "вагонҳои занона" меафзояд.

"Билети вагонҳои занона танҳо ба бонувон фурӯхта мешавад. Писарони то 7-сола метавонанд ҳамроҳи модарашон дар ин вагонҳо сафар кунанд. Дар вагонҳои мазкур роҳбаладон низ занонанд", - омадааст дар иттилоияи ширкат.

Ҳаракати вагонҳои занона дар Қазоқистон бори нахуст соли 2021 роҳандозӣ шуда буд. Ширкат мегӯяд, ҳадаф аз ин иқдом он аст, ки мусофирони зан роҳат сафар кунанд.

Чунин қарор баъди ҳодисаи таҷовуз ба номуси як мусофирзан аз ҷониби ду роҳбалади мард дар соли 2018 қабул шуд ва баҳси набуди амният ва осоишро барои мусофирзанон доғ кард.