Аргентина бори шонздаҳум барандаи Ҷоми Амрико гардид

Капитани тими миллии Аргентина Лионел Месси пеш аз финал эълон кард, ки ин мусобиқа барояш охирин Ҷоми Амрико ба шумор меравад

Тими миллии футболи Аргентина, ки дар бозии ниҳоӣ мунтахаби Колумбияро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод, бори шонздаҳум барандаи Ҷоми Амрико гардид.

Бозии ниҳоии Ҷоми Амрико-2024 миёни тимҳои миллии Аргентина ва Колумбия 15-уми июл дар варзишгоҳи “Хард Рок”-и шаҳри Майамии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир шуд. Голи ягонаро Лаутаро Мартинеси аргентинӣ дар замони изофа, дар дақиқаи 112-уми бозӣ, ба самар расонид.

Ҳамин тариқ, мунтахаби Аргентина бори дувум пайиҳам ва маротибаи шонздаҳум барандаи Ҷоми Амрико шуд, ки ин рекорди нав аст. Мунтахаби Уругвай 15 бор Ҷоми Амрикоро ба даст овардааст.

Тими миллии Колумбия, ки бори севум то финали мусобиқот расид, танҳо як маротиба – соли 2001 – барандаи Ҷоми Амрико гардидааст.

Дастаи мунтахаби Уругвай, ки аз рӯи силсилаи пеналти ё зарбаҳои 11-метрӣ тими миллии Канадаро мағлуб кард, бо медалҳои биринҷӣ мукофотонида шуд.

Капитан ё сарвони тими миллии Аргентина Лионел Месси пеш аз финал эълон кард, ки ин мусобиқа барояш охирин Ҷоми Амрико ба шумор меравад. Ҳамлагари 36-сола рекорди бештари бозӣ дар ин мусобиқаро дорад ва инчунин аввалин аргентиниест, ки дар ҳафт Ҷоми Амрико ҳунарнамоӣ кардааст.

Месси ҳамчун беҳтарин футболбози ҷаҳон барандаи ҳашткаратаи "Тӯби тиллоӣ" мебошад. Аргентиниҳо дар мусобиқоти пешини Ҷоми Амрико соли 2021 ғолиб шуда буданд, он замон барои Месси ин аввалин ҷоизаи бузург бо тими миллӣ буд. Дар финал Аргентина ба шарофати голи Анхел Ди Мария мунтахаби Бразилияро бо ҳисоби 1:0 шикаст дода буд.

Бояд тазаккур дод, Ҷоми Амрико таҳти сарпарастии Конфедератсияи футболи Амрикои Ҷанубӣ (КОНМЕБОЛ) баргузор мешавад. Ин мусобиқа бори аввал соли 1916 расман доир гардид ва қадимтарин мусобиқаи байналмилалии қитъавӣ мебошад.

Ҳамаи тимҳои миллии КОНМЕБОЛ дар Ҷоми Амрико ширкат мекунанд: Аргентина, Бразилия, Боливия, Венесуэла, Колумбия, Перу, Парагвай, Уругвай, Чили ва Эквадор.

Аз соли 1993 инҷониб дудастаӣ аз дигар конфедератсияҳо, одатан аз Конфедератсияи футболи Амрикои Шимолӣ, Амрикои Марказӣ ва ҳавзаи Кариб (КОНКАКАФ) ба ин мусобиқа даъват мешаванд.

Дар марҳили гурӯҳии Ҷоми Амрико-2024 даҳ дастаи КОНМЕБОЛ ва шаш дастаи дигар аз КОНКАКАФ иштирок карданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Испания бори чаҳорум қаҳрамони футболи Аврупо шуд