Сафорати Озарбойҷон дар Теҳрон аз нав боз мешавад

Бинои нави сафоратхонаи Озарбойҷон дар Теҳрон. Акс аз ВКХ Озарбойҷон

ВКХ Озарбойҷон дар ин бора як изҳорот нашр кард

Якуним сол баъди ҳамлаи маргбор ба сафорати Озарбойҷон дар Эрон, рӯзи 15 июл Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон хабар дод, ки сафир ва кормандони сафорат дубора ба Теҳрон бармегарданд.

Дар изҳорот омадааст, ки сафоратхона дар бинои нав ҷойгир мешавад ва Эрон “барои таъмини ҳимояти дипломатии бинои нав тамоми тадбирҳои заруриро меандешад”.

Поёни моҳи январи соли 2023 баъди як ҳамлаи мусаллаҳона ба сафорат, Боку намояндагии дипломатиашро баста кормандонашро ба ватан баргардонд.

Дар ин ҳамла раҳбари муҳофизони сафорат кушта ва ду муҳофизи дигар маҷрӯҳ шуданд. Гумонбар боздошт ва ба иттилои вазорати адлияи Эрон, ба марг маҳкум шуд.