Мақомоти ҳолатҳои изтирорӣ ва беҳдошт рӯзи якшанбе гуфтанд, дар паи ҳамлаҳои Исроил болои шаҳри Ғазза дастикам 17 фаластинӣ куштаву 50 нафар маҷрӯҳ шуданд.
Талафоти мазкур дар чор нуқтаи гуногуни шаҳр ба қайд гирифта шудааст. Сокинони маҳаллӣ ва мақомоти беҳдошти Фаластин гуфтанд, артиши Исроил ҳуҷумҳои ҳавоиву заминиро вусъат бахшидааст.
Як рӯз пеш аз ин дар минтақаи махсус ҷудошудаи башарӣ дар Ғазза дар натиҷаи ҳамлаҳои ҳавоӣ дастикам 90 фаластинӣ кушта шуд. Дар ин бора вазорати беҳдошти Фаластин хабар дод.
Исроил гуфт, ки ин ҳамла алайҳи Муҳаммад Даиф, фармондеҳи низомии Ҳамос равона гардид, вале тол ҳол тасдиқи расмии марги ӯ дар даст нест.