Русия аз ишғоли боз як деҳае дар хоки Украина хабар дод.
Вазорати дифои Русия гуфт, нирӯҳои ин кишвар деҳаи хурдеро дар ҷанубушарқи Украина ишғол карданд ва ин як хабари дигаре аз пешрафти тадриҷии артиши Русия дар муқобили нирӯҳои Украина мебошад.
Ҳанӯз мақомот дар Украина ба иддаои Русия, ки 14 июл гуфт, деҳаи Урожайнеро дар соҳилҳои ғарбии дарёи Мокрий Яли дар ғарби Донетск ишғол кардааст, вокуниш накарданд.
Айни замон, ҷангҳои шадиде дар наздикиҳои шаҳри Торетски воқеъ дар шимоли Донетск ва Часив Яр идома дорад.