Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, муҳоҷирони дармондаро аз фурудгоҳи "Внуково"-и Маскав ба Тоҷикистон мефиристанд. Ба иттилои Сафорат, намояндагони ин идора 12-уми июл ба дидани муҳоҷирон рафта, барояшон ғизо додаанд.
"Зимни вохӯрӣ бо роҳбарияти ин фурудгоҳ ва ниҳодҳои масъули он масъалаи ҳарчӣ зудтар бозпас гардондани шаҳрвандон ба ватан баррасӣ шуд,"-омадааст дар хабарномаи Сафорати Тоҷикистон.
Аммо масъулини Сафорат нагуфтаанд, ки феълан чанд муҳоҷири тоҷик дар фурудгоҳи "Внуково" дармондаанд ва чаро ба онҳо иҷозаи вуруд ба Русияро надоданд?
Баъд аз 20-уми июни имсол шикояти муҳоҷирони тоҷик дар бораи мушкил шудани вуруд ба Русия зиёд шудааст. Даҳҳо муҳоҷир шикоят кардаанд, ки онҳоро дар фурудгоҳҳои Русия ва ҳам гузаргоҳҳои заминии ин кишвар бо баҳонаҳои гуногун нигоҳ медоранд.
Мақомоти Тоҷикистону Русия дар бораи сабабҳои пеш омадани вазъ расман чизе нагуфтанд.