Русия аз ғасби як деҳа дар Украина хабар дод

Як бинои тахрибшуда дар Украина

Вазорати мудофиаи Русия рӯзи 14-уми июл аз ғасби як деҳаи дигар дар Украина хабар додааст.

Мақомоти Украина ҳанӯз хабари ғасби деҳаи Урожайно, дар лаби соҳили руди Мокрий Ялро тасдиқ ё рад накардаанд.

Ҳоло дар дарозии 1200 километр, дар ҷабҳаи ҷанг Украина зидди Русия муқовимат мекунад. Сарбозони Украина то кунун иҷоза надодаанд, ки Русия пешравии зиёд дар ҷанг дошта бошад.

Ҳоло ҷангҳои шадиде дар наздикии шаҳри Торетска ва Часов Яр дар вилояти Донетски Украина ҷараён дорад.

Русия ҳамарӯза ба дохили хоки Украина садҳо мушак партоб карда, бо дрон ҳамла мекунад.

Дар ҳамлаҳои Русия ҳазорон сокини осоишта кушта ва миллионҳо нафар овора шудаанд.