Владимир Путин, президенти Русия ба қонуне имзо гузошт, ки ба вакилони Думаи давлатӣ ва Шурои Федератсия ҳаққи бе иҷозат ба хориҷ рафтанро намедиҳад.
Агар вакилон бе иҷозат ба хориҷ аз Русия сафар кунанд, онҳо мақомашонро аз даст хоҳанд дод.
Муаллифони тарҳи қонун гуфтаанд, ки дар шароити ҷанг бо Украина, фишору таҳримҳо ба кишвар ва хеле “фаъол шудан”-и хадамоти ҷосусии кишварҳои хориҷӣ зарурати қабули чунин қонун пайдо шуд. Барои сафарҳои корӣ ба вакилон иҷозати махсус лозим набудааст.
Дар тарҳи қонун дақиқ гуфта нашудааст, ки барои сафари хориҷӣ аз кадом ниҳод бояд иҷозат гирифт, вале ишора шудааст, ки инро Дума ва Шурои федератсия муайян мекунанд.
Пас аз оғози ҷанги Русия дар Украина дар ин кишвар қонунҳои сахтгирона қабул шуд ва фишор болои ҷомеа афзоиш ёфтааст.