Дар баёнияи вазорат, ки шоми 12-уми июл нашр шуд, омадааст: «Дар робита ба хабарҳое, ки бархе аз расонаҳо дар бораи гӯё таъсиси пойгоҳи низомӣ аз ҷониби Чин дар қаламрави Тоҷикистон паҳн мекунанд, изҳор менамоем, ки онҳо асос надоранд. Ин масъала дар рӯзномаи музокироти Тоҷикистону Чин ҷой надошт ва нахоҳад дошт.»
Аз ин пештар нашрияи бритониёии «Телеграф», ки дар як мақолаи бузурге дар бораи Тоҷикистон навишт, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин бо назардошти хатари афзоянда аз Толибони ҳоким дар Афғонистон дар хоки Тоҷикистон пинҳонӣ як пойгоҳи низомӣ месозад.
Дар ин гузориш, омадааст, ки Чин пойгоҳи мазкурро дар яке аз «гӯшаҳои дурафтодатарини дунё тақрибан як даҳсола аст, ки месозад.» Нашрия як акси моҳвораиро нашр кардааст, ки иншооту сохтмонҳои гуногун дар он дида мешавад ва ба гуфтаи «Телеграф» фурудгоҳ барои чархболҳо ниҳ дорад.
Маҳалли пойгоҳро минтақаи Шаймак дар ноҳияи Мурғоб дар Помир ва воқеъ дар наздикии марз бо Афғонистон номидаанд. Айни гузоришҳо дар бораи бунёди пойгоҳи низомии Чин дар Тоҷикистон дар гузашта низ нашр шуда буд.
Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон дар баёнияи хеш гуфтааст: «Душанбе ва Пекин дар масъалаҳои муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ҳам дар асоси дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ фаъолона ҳамкорӣ мекунанд. Мо инчунин ният дорем, ки ҳамкориҳоро бо Пекин дар мубориза бар зидди нерӯҳои “се бадӣ”, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ тақвият бахшем.
Соли 2019 низ рӯзномаи мӯътабари амрикоии “Вашингтон Пост” гуфт, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки як посгоҳи наздимарзӣ дорад, ҳарчанд ду кишвар ҳеҷ гоҳ вуҷуди онро эътироф накардаанд.
Ба навиштаи рӯзнома пойгоҳ дар наздикии гузаргоҳи Вахон дар Афғонистон ва дар қаламрави ноҳияи Мурғоб аст. Он замон ҳам вазорати умури хориҷии Тоҷикистон гузориши мазкурро рад кард ва гуфт, ки гузориш “асоси воқеӣ надорад.”
Айни замон соли 2021 порлумони Тоҷикистон созишномаи бунёди як таъсисоти низомиро баррасӣ кард, ки дар водии Вахон бо 10 миллион доллар кумаки молии Чин сохта мешуд.
Дар он вақт дар ҷаласаи порлумон гуфтанд, бинои нав махсус барои гуруҳи зудамал (ОМОН), ки тобеи Раёсати мубориза бо ҷинояти муташаккил мебошад, сохта мешавад. Ҳамчунин гуфтанд, ки пойгоҳ бар асоси дархости Тоҷикистон ва аз ҳисоби буҷаи ҳукумати Чин бунёд мешавад.