Дар Русия 10“полиси шариат”-ро боздошт кардаанд

Қабардину Балқори Русия

Дар ҷумҳурии Қабардину Балқори Русия даҳ нафарро бо гумони иштирок дар, ба истилоҳ “полиси шариат” дастгир карданд.

Дар ин бора ВКД-и ин ҷумҳурии воқеъ дар Қафқози Шимолии Русия хабар медиҳад. Тафтишоти пешакӣ мегӯяд, ки ба ин гурӯҳ мардони 26 то 54-сола дохил мешаванд ва онҳо давоми панҷ сол бо “латукӯби” нафароне машғул шудаанд, ки ба гуфтаашон, “шеваи зиндагиву кор ба эътиқоди диниашон мувофиқат намекунад.”

Дар маҷмӯъ аз кори ин, ба истилоҳ, “полиси шариат” 14 нафар шикоят карда гуфтаанд, ки аъзои ин гурӯҳ онҳоро бо калтаку чӯб латукӯб карда, фишорҳои равонӣ ҳам расонидааст. Як узви ин гурӯҳ – сокини 40-солаи шаҳри Тирниауз дар ташкили созмони экстремистӣ гумонбар мешавад ва ба ӯ то 10 соли зиндон таҳдид мекунад. Дигарон барои ширкат дар созмони ифротӣ бо хатари то шаш соли зиндон рӯбарӯ ҳастанд.

Соли 2022 айни чунин гурӯҳи 10-нафарае, ки худро “полиси шариат” меномид, ҳукмҳои шартӣ гирифтанд.