Нафари наздик ба хонаводаи президенти Қирғизистон боздошт шудааст

Лаззат Нуркоҷоева, додарзодаи Содир Ҷапаров

Дар Қирғизистон бо қарори додгоҳ як нафари наздик ба хонаводаи президентро ба ҳабс гирифтанд. Афтандил Собирбеков - номзади Лаззат Нуркоҷоева, додарзодаи Содир Ҷапаров, президенти Қирғизистон, бо иттиҳоми таҳияву фурӯши ҳаҷми калони маводи мухаддир ба ҳабс гирифта шуд.

Ба иттилои Радиои Азаттик, бо қарори додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек аз 6-уми июл Собирбеков то 3 август дар боздошт хоҳад монд. Дар додгоҳ ба Бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтанд, ки боздоштшуда инчунин дар “таҳияи маводи мухаддир бо ҳадафи фурӯш дар ҳаҷми махсусан калон” гумонбар мешавад. Мувофиқи Кодекси ҷиноии Қирғизистон, ба ӯ аз 12 то 15 соли зиндон таҳдид мекунад.

Дар бораи ҳабси номзади ҷияни президент рӯзи 10-уми июл маълум шуд, ҳарчанд ҳабси ӯ 5 июл сурат гирифт. Собирбеков танҳо нест ва ӯро дар миёни на камтар аз даҳ нафари дигар бо айни чунин иттиҳом боздошт кардаанд. Сухангӯи президенти Қирғизистон Аскат Алагозов дар шарҳи ин хабар гуфт, ки ҳадафи асосии ин мард “пайдо кардани афроди сарпаноҳ дар ҳукумат ба хотири таъмини амнияти корҳои ҷиноиаш будааст.” Маълум нест худи Собирбеков дар ин бора чӣ назар дорад.

Дар бораи домоди Нуркоҷоева моҳи июн маълум шуд, вақте ӯ навори видеоиеро аз маросими ботантана ва серхарҷу бошукӯҳи пешниҳоди издивоҷашро дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кард. Аксарият аз хароҷоти ҳангуфти ин маросим ва истифода шудани чархболи вазорати корҳои изтирории Қирғизистон интиқод карданд.

Президент баъдан аз мардум узр хост ва гуфт, ки хешовандони президент бояд намунаи ибрат бошанд.