Номаи "дӯсти аврупоии Путин" пас аз сафар ба Русия

Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон

Дар паи мулоқотҳои баҳсбарангезаш бо раҳбарони Русия ва Чин Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон (Венгрия) дар як номааш ба раҳбарияти Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, “дар ду моҳи наздик дар ҷабҳаи Украина назар ба гузаштаҳо эҳтимоли талафот ва ҳодисаҳои ҷангии фоҷеабори бештар вуҷуд дорад."

Номае, ки хусусияти ғайрирасмӣ дорад, ба Брюссел фиристода шуд ва дар он дар бораи боварии Владимир Путин, президенти Русия ба мағлубияти Украина таъкид шудааст.

Тарҳи таҳқиқотии “Система” бо матни номаи Орбан ба номи раиси Шӯрои Аврупо Шарл Мишел ва раҳбарони кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо баъди анҷоми сафари ӯ ба Киев ва Маскав дар ҳафтаи гузашта шинос шуд. Нома рӯзи 5 июл аз Озарбойҷон фиристода шудааст, ки он ҷо Орбан баъди анҷоми мулоқоташ бо Путин рафта буд.

Ин санад барои нашр пешбинӣ нашудааст, вале Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ матни онро аз як мансабдори аврупоӣ дастрас карду дурустии онро боз ду мақомдори аврупоӣ тасдиқ карданд.

Орбан навиштааст, ки дар ин сафар аз номи Иттиҳоди Аврупо баромад накардааст, фақат хостааст мавқеи ду ҷониби ҷангро бифаҳмад. Ӯ дар ин нома аз мавқеи президенти Украина Владимир Зеленский хеле кам ёдовар шуда, муфассал назари Путинро хулоса кардааст. Орбан гуфтааст, ки “ҳоло вақт на ба манфиати Украина, балки ба манфиати Русия аст.”

Орбан бо такя ба Путин гуфтааст, ки шумори қурбониҳои нирӯҳои украинӣ 40-50 ҳазор дар моҳ аст.”

“Президенти Русия аз он тааҷҷуб кардааст, ки раҳбари Украина оташбаси муваққатиро рад кардааст,”-- навиштааст Орбан.

Қаблан Зеленский гуфта буд, ки Украина инро рад мекунад, чунки Русия фурсати оташбасро барои таҷаммӯи нирӯяш дар қаламравҳои ишғолӣ истифода хоҳад кард. Орбан дар номааш ишора кардааст, ки Путин ҳам айни ҳамин нигарониҳоро дорад.

Орбан гуфтааст, ки Маскаву Киев танҳо ба он музокироте розӣ ҳастанд, ки бо ширкати ҳарду тараф ҷараён гирад.