Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон хабар додааст, ки Саймумин Ятимов, раиси кумита ва ҳам ҳайати ҳукумат оид ба таъйину аломатгузории марзи Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳамтои қирғизаш Қамчибек Тошиев, “баррасии масъалаҳои делимитатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистонро дар минтақаҳои боқимонда давом дода” ба гурӯҳҳои корӣ ҷиҳати идома додани кор дар ин самт супориш доданд.
Ҷузъиёти дигареро нагуфтаанд ва маълум нест, чанд километри дигар аз манотиқи баҳсбарангез дар марз таъйину мушаххас шудааст. Матбуоти Қирғизистон ҳанӯз дар бораи ин ҷаласа хабар надодааст.
Мақомоти Тоҷикистон моҳи феврал гуфтанд, дар музокираҳои пайваста бо Қирғизистон дар соли 2023, аз 980 километри сарҳади ду тараф тахминан 90 % он мувофиқа шудааст. Аз ҷумла моҳи март гурӯҳҳои топографӣ ё маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон 10,76 километри дигари сарҳадро мушаххас кардаанд.
Ҷузъиёти музокираҳои ҳайатҳои байниҳукуматӣ аз матбуот пинҳон мемонад ва маълум нест, то ҳол мувофиқаҳои бадастомада бар асоси кадом шарт ҳосил шудааст.
Бархе манбаъҳо дар ҳукумати Тоҷикистон мегӯянд, ҳоло марҳилаи таъйини мақоми қитъаҳои бисёр "ҳассос"-и марз, зоҳиран аҳолинишин ҷараён дорад.
Номуайян мондани хати сарҳад байни ду кишвари ҳамсоя солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шудааст ва аз ҷониби Тоҷикистон ва ҳам аз тарафи Қирғизистон даҳҳо нафар куштаву маҷрӯҳ шудаанд. Сарҳади Қирғизистон ба рӯи шаҳрвандони Тоҷикистон баста боқӣ мемонад ва мардуми ду тараф баръакси солҳои пешин дигар тиҷорату равуо надоранд.