Ирина Волк, намояндаи ин Вазорат гуфтааст, "аз 1-уми январи соли 2024 барои ширкат дар барномаи давлатии мусоидат дар кӯчонидани ихтиёрии ҳамватанони аз хориҷ, онҳо бояд исбот кунанд, ки забони русиро дар сатҳи гуфтугӯи ва хаттӣ медонанд. Ба ин тартиб беш аз 4 ҳазор довталаб натавонистанд шаҳрвандии Русияро бигиранд."
Дар маҷмӯъ ба иттилои Вазорати маорифи Русия дар 5 моҳи ахир шумори онҳое, ки аз имтиҳони русӣ нагузаштаанд бештар шудааст. Охири моҳи июн раҳбари Хадамоти назорат дар соҳаи маориф пешниҳод карда буд, ки раванди имтиҳонгирӣ аз муҳоҷирон сахттар карда шавад.
Тартиби гирифтани имтиҳон аз муҳоҷирон аз 1-уми майи соли 2024 тағйир ёфт. То он вақт ташкилоти ғайридавлатӣ ҳақ доштанд аз забони русӣ ва таъриху қонунгузории Русия аз муҳоҷирон имтиҳон гирифта, ба онҳо сертификат диҳанд. Аммо баъди 1-уми май ташкилоти ғайридавлатӣ дигар ҳаққи ин корро надоранд. Бар асоси ин қоидаҳо, акнун дар ҳар минтақаи Русия як донишгоҳ вазифадор мешавад, ки аз муҳоҷирон имтиҳон гиранд.