Виктор Орбан бори аввал баъди шурӯи ҷанг ба Украина сафар кард

2 июл, Киев

Сарвазири Маҷористон (Венгрия) Виктор Орбан дар ҷараёни як сафари хеле муҳим ва қаблан эълоннашуда ба Киев бо раиси ҷумҳури Украина гуфтугӯ кард.

Ин аввалин сафари Орбан пас аз ҳамлаи васеъмиқёси Русия дар соли 2022 ба Украина мебошад. Музокироти рӯзи 2 июл миёни Орбан ва Владимир Зеленский як рӯз пас аз он сурат гирифт, ки Маҷористон раёсати даврии Иттиҳодияи Аврупоро ба ӯҳда гирифт.

Ин сафар ба далели интиқоди шадиди Орбан аз кумаки низомии ғарбӣ ба Киев қобили таваҷҷӯҳ мебошад. Орбан низ яке аз чанд раҳбарони ғарбист, ки пас ҳамлаи артиши Русия бо раисиҷумҳур Владимир Путин мулоқот кардааст.

Рӯзномаи муфассали музокиротро на мақомоти Украина ва на ҷониби мақомоти Маҷористон нашр накардаанд, ҳарчанд Андрей Ермак, мушовири аршади Зеленский гуфт, ки "барои омодагӣ ба ин сафар бисёр корҳо анҷом дода шудааст."

Ба савол дар бораи мавзӯи мулоқот ӯ гуфт, "суҳбати муҳим дар бораи ояндаи Аврупо, амният, ҳуқуқи байналмилалӣ, формулаи сулҳ", гуфт ӯ дар паёме дар Telegram. Ин боздид чанд рӯз пас аз мулоқоти Орбан ва Зеленский дар нишасти ИА дар Брюссел сурат мегирад.

Золтан Ковач, сухангӯи Орбан, рӯзи 2 июл дар ёддошти худ навиштааст, ки "дар музокирот имконот барои расидан ба сулҳ ва ҳамчунин масоили кунунии равобити дуҷонибаи Маҷористон ва Украина баррасӣ мешаванд".

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Маҷористон--Мексикаи дуюм барои муҳоҷирони ғайриқонунӣ? Виктор Орбан ҳоло мухолифи қабули Украина ба Иттиҳоди Аврупо будаастЛукашенко аз Орбан хост, ки ба Беларус равад