Салтанати Уммон иҷозат додааст, ки шаҳрвандони Узбекистон ба муҳлати то 14 рӯз бидуни раводид (виза) ба кишвараш сафар кунанд.
Сафорати Уммон дар Тошканд гуфтааст, узбекистониҳое, ки мехоҳанд дар он кишвар беш аз 14 шабонарӯз бимонанд, метавонанд ҳангоми воридшавӣ дар фурудгоҳ раводид дархост кунанд.
Тартиби нав аз 14 июн ба иҷро даромадааст.
Вазири корҳои хориҷии Узбекистон Бахтиёр Саидов дар ҷараёни сафари худ ба Уммон, ки 26-27 июн сурат гирифт, созишнома дар бораи низоми бидуни раводид миёни ду кишварро имзо кард. Уммониҳо метавонанд ба муҳлати то 10 рӯз ба Узбекистон бидуни виза сафар кунанд.
Қаблан хабар дода шуд, ки Тайланд низ аз 1 июни имсол визаро барои шаҳрвандони Узбекистон бекор кардааст.