Марги як тоҷик дар тӯфонҳои Русия  

Дар паи тӯфонҳои шадиде, ки шоми 1 июл дар шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленингради Русия рух дод, се нафар, аз ҷумла як марди тоҷик ҷон доданд.

Ба навиштаи оҷонсии расмии ТАСС, ҳамаи ин нафарон зери дарахтони решаканшуда дар натиҷаи тӯфони шадид афтода ба ҳалокат расиданд.

Ба иттилои дафтари матбуоти вилоятии Кумитаи тафтишоти Русия, субҳи 2 июл дар деҳаи Новое Токсовои ноҳияи Всеволожскии вилояти Ленинград ҷасади марди 26-солаи шаҳрванди Тоҷикистон ошкор шуд. Исми ӯ нашр намешавад.

"Ин мард дар сохтмони маҳаллӣ кор мекард, - навиштааст Кумитаи тафтишот. – Шом он мард ба ҳангоми тӯфон аз вагончае, ки зиндагӣ мекард, берун баромад ва ӯро дарахти сафедоре, ки дар паи боди шадид аз решааш канда афтода буд, дар зераш пахш кард. Санҷиши пешакӣ оғоз шудааст».

Дар ду ҳолати монанд ба ин дар шаҳри Санкт-Петербург зани 36 ва кӯдаки 11-сола ҳам кушта шуданд.

Шоми рӯзи душанбе дар ҳудуди вилояти Ленинград боду боронҳои шадид, гоҳо жолаву раъду барқ мушоҳида шуд ва суръати бод то 22-27 км дар соат мерасид.