Мухолифи қазоқ баъди сӯиқасд ба ҷонаш дар бемористон ҷон дод

Мухолифи қазоқ Айдос Содиқов, ки 14 рӯз пеш дар шаҳри Киеви Украина мавриди ҳамла қарор гирифта буд, дар бемористн ҷон додааст.

Мухолифи қазоқ Айдос Содиқов, ки 14 рӯз пеш дар шаҳри Киеви Украина мавриди ҳамла қарор гирифта буд, дар бемористн ҷон додааст.

“Шавҳари азиз ва падари се фарзандам, фарзанди бузурги мардуми қазоқ Айдос ҷони худро барои Қазоқистон фидо карда, аз дасти қотилон шаҳид шуд. Айдос 13 шабонарӯз дар шуъбаи эҳёгарӣ барои зинда мондан мубориза бурд, вале муъҷизае руй надод”, - навиштааст ҳамсари рӯзноманигор Наталя Содиқова дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук.

Ҳамсари мухолифи қазоқ дар марги шавҳараш президенти Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаевро гунаҳкор донист.

Шахси ношинос 18 июн дар Киев ба самти мошине, ки дар дохили он Содиқовҳо ҳузур доштанд, оташ кушод.

Додситонии кулли Украина 20 июн гуфт, зидди ду қазоқистонӣ Алтай Жаканбоеви 36-сола ва Майрам Каратаеви 33-сола бо гумони ҳамла ба Содиқов тафтишотро оғоз кардааст. Ба гуфтаи мақомоти Украина, ҳамлагарон 2 июн вориди шаҳри Киеви Украина шуда, барои иҷрои нақшаи худ мошини "Opel Vectra"-ро ба иҷора гирифтаанд.

Додситонии кулли Қазоқистон хабар дода буд, ки Алтай Жаканбоев, яке аз гумонбарон дар сӯиқасд ба ҷони фаъоли мухолиф Айдос Содиқовро боздошт кардааст.

Айдос Содиқов соли 2014, баъди он ки дар шаҳри Оқтеппаи Қазоқистон зидди Наталя Содиқова парванда боз шуд, ба Украина рафта, ҳаққи паноҳандагии сиёсӣ дарёфт кардааст. Содиқов мегӯяд, ӯро дар ватан бо ангезаҳои сиёсӣ таъқиб мекунанд. Мақомоти Қазоқистон Содиқовҳоро бо гумони барангехтани бадбинӣ таҳти пайгард қарор додаанд.