Гутерриш хостори ҳалли сулҳомези баҳсҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон аст

Президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ба дабири кулли СММ Антонио Гутерриш шаҳодатномаи ба номи "Созмони милали муттаҳид" гузошта шудани як қуллае дар баландии 5576 метр дар ҳудуди Қирғизистонро тақдим кард

Дабири кулли СММ изҳори умедворӣ кард, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ниҳоят баҳсҳои мавҷудаи марзии миёни ду кишварро аз роҳи гуфтугӯ ҳаллу фасл мекунанд.

Дар ин бора Антонио Гутерриш рӯзи 2 июл дар мулоқот бо президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов зимни мулоқот дар шаҳри Чолпонота изҳори назар кардааст.

Ба ҳайси намунаи мусбати ҳалли мушкилоти марзӣ ӯ хатми аломатгузории марзи миёни Қирғизистон ва Узбекистонро мисол овард. Айни замон, ӯ эътироф кардааст, ки кашидани хатти сарҳади миёни кишварҳои воқеъ дар водии Фарғона мушкил аст, чунки сарҳади байни ин қаламравҳо як пазл ё муамморо мемонад.

Ба навиштаи Радиои Азаттик, Гутерриш аз Ҷабборов даъват кардааст, ки Қирғизистонро ба "як рамзи сулҳ" табдил диҳад:

"Шумо дар бахши эҷоди сулҳ, дар мавзӯъҳои сарҳадӣ ва дигар соҳаҳо талоши олие ба харҷ додаед. Ман ду бор аз водии Фарғона дидан кардаам ва хуб медонам, ки ҳалли масоили марзӣ чӣ қадар душвор аст. Он ҷо мисли муаммо аст. Барои дарки дуруст ва ҳалли ҳама чиз талош лозим аст. Мо ба ин бовар ҳастем, ки масоили марзӣ бо Тоҷикистон ба мисли созиш бо Узбекистон аз роҳҳои дипломатӣ, сулҳомез, бо роҳи музокира ҳаллу фасл хоҳад шуд".

Хабаргузории русии ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти президенти Қирғизистон навишт, Ҷабборов дар ин мулоқот гуфтааст, хатти сарҳади давлатии байни Қирғизистону Узбекистон "аз лиҳози ҳуқуқӣ пурра ҳаллу фасл шудааст". Ин манбаъ афзуд: "Ҷабборов гуфт, барои ҳалли масоили сарҳади давллатии Қирғизистону Тоҷикистон кор фаъолона ҷараён дорад ва таъкид кардааст, ки Қирғизистон ҳамеша тарафдори ҳалли сулҳомез ва дипломатии ҳамаи масъалаҳо мебошад".

Ин изҳорот дар ҳолест, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон баъди ду низои пурқурбонӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 талош доранд баҳсҳои марзиро бартараф намуда созишномаи марзи давлатиро имзо кунанд. То ҳол аз 980 км марзи муштарак беш аз 90 дарсадаш аломатгузорӣ шудааст ва қисмати боқимонда, зоҳиран, бо сабаби маҳалли сукунати танготанги мардуми ду тараф буданаш ҳанӯз пурра ҳал нашудааст.

Мақомот дар Тоҷикистон изҳороти ҳамкоронашонро дар Қирғизистон оид ба ҳал шудани ин баҳсҳо дар соли 2024 ҳеҷ гоҳ кушоду рӯшан шарҳ надодаанд. Ҷузъиёти музокираҳо, ба вижа масъалаҳои вобаста ба эҳтимоли роҳ додан ба гузашти қаламравҳо ба ҳамдигар аз матбуот ва ҷомеа пинҳон дошта мешавад.

Антонио Гутерриш бо як сафари корӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ қарор дорад ва баъди Тошканду Бишкек қарор аст ба дигар пойтахтҳои ҷумҳуриҳои ин минтақа, аз ҷумла Душанбе сафар кунад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Сафири Қирғизистон дар бораи марз: "Хабари хуш дар роҳ аст"Вохӯрии марзбонони тоҷику қирғиз баъди як рӯзи тирпаронӣФишор ё чораи эҳтиётӣ? Чаро Туркия барои тоҷикистониҳо виза ҷорӣ кард?Тоҷикистону Қирғизистон аз мувофиқа шудани беш аз 28 километри марз хабар додандАз Гутерриш хостанд, дар Душанбе озодии зиндониҳои сиёсиро талаб кунадАнтонио Гутерриш ба Тоҷикистон сафар мекунад