Дар селҳои Қирғизистон панҷ нафар ҷон доданд

Обхезиҳо дар Ӯши Қирғизистон

Дар натиҷаи селу обхезӣ дар ҳудуди вилояти Ӯши Қирғизистон рӯзи 28-уми июн панҷ нафар ба ҳалокат расид.

Ба иттилои Вазорати корҳои изтирории ин кишвар, ду нафар беному нишон шудаанд. Дар ноҳияи Навкати вилояти Ӯш ҳолати изтирорӣ ҷорӣ шудааст.

Ба иттилои Радиои Азаттик, бо сабаби селу обхезиҳо дар осоишгоҳи Обширотаи вилоят беш аз ҳазор нафар дармондаанд. Амалиёти ҷустуҷӯву наҷоти ҷабрдидаҳои офатҳои табиӣ бо иштироки 600 нафар, асосан наҷотбахшону ходимони полис ва табибон ҷараён дорад.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

51 қурбонии офати табиӣ дар Тоҷикистон. "Хушксолӣ дар пеш аст"?Чӣ гуна барои селобҳои вайронгар бояд омода шуд?"Сел хонаву киштзорҳоро нобуд кард. Додамонро ба кӣ гӯем?"