Пизишкиён ва Ҷалилӣ ба даври дуюми интихоботи Эрон роҳ ёфтанд

Вакили ислоҳталаб Масъуд Пизишкиён 28-уми июн дар овоздиҳӣ иштирок кард

Мақомот дар Эрон гуфтанд, дар паи ҳисоби натиҷаҳои овоздиҳӣ дар интихоботи президентии ин кишвар, ки дирӯз барпо шуд, ду номзад ба даври дуюм ва ниҳоии интихобот мегузаранд.

Инҳо – Масъуд Пизишкиёни ислоҳталаб, собиқ вазири беҳдошт ва Саид Ҷалилии муҳофизакор - собиқ раҳбари ҳайати музокиротии Эрон дар гуфтугӯҳои ҳастаӣ бо ғарб мебошанд. Даври навбатии овоздиҳӣ дар интихоботи Эрон рӯзи ҷумъаи оянда - 5 июл барпо мешавад.

Бар асоси натиҷаҳои овоздиҳӣ, Пизишкиён бо тафовути андак, вале афзоянда аз се номзади дигар пеш гузаштааст. Комиссиюни интихоботӣ гуфт, Пизишкиён 43,5 дарсад ва Саид Ҷалилӣ 37,7 дарсади овозҳоро бурдаанд. Собиқ раиси маҷлис ва номзади муҳофизакор Муҳаммадбоқири Қолибоф 14 дарсади овозҳоро бурдааст. Номзади чорум – вазири пешини адлия ва умури дохилӣ Мустафо Пирмуҳаммадӣ бо пуштибонии хеле ночизи раъйдиҳандагон бархурдор шуд.

Саид Ҷалилӣ

Иштирок ҳамаи чор номзадро дар интихобот Шӯрои нигаҳбон иҷоза додааст ва аъзои ин ниҳод ба таври мустақим ва ғайримустақим аз ҷониби раҳбари олӣ Оятулло Алии Хоманеӣ таъин мешаванд.

Натиҷаи интихобот ба сиёсати кишвар тағйироти чандоне ворид намекунад, вале барандаи он баъдан метавонад ҷойгузини мақоми раҳбари олии ин кишвар гардад.

Хоманеии 85-сола аз соли 1989 дар мақоми олии ин кишвар қарор дорад.

Интихоботи пеш аз муҳлати президентӣ дар Эрон ба дунболи марги Иброҳим Раисӣ баргузор мешавад. Раисӣ ва чанд ҳамроҳаш рӯзи 19-уми май дар садамаи чархбол ба ҳалокат расиданд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Дар Эрон интихоботи президентӣ оғоз шудШаш довталаб барои курсии президенти Эрон мубориза мебарандПанҷ муҳофизакору тундрав ва як ислоҳталаб – Номзадҳои президентӣ дар Эрон