Рӯзҳои 3-4-уми июл дар шаҳри Остонаи Қазоқистон нишасти сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор мешавад.
Қосимҷомарт Тоқаев, раиси ҷумҳури Қазоқистон гуфт, дар ин ҳамоиш роҳбарони кишварҳои узви созмон ва Дабири куллии Созмони Милал ширкат мекунанд.
Мақомоти Тоҷикистон ҳанӯз дар бораи ширкати президент Эмомалӣ Раҳмон дар нишасти Остона расман чизе нагуфтаанд.
Созмони ҳамкории Шонгҳой як созмони зери нуфузи Русия ва Чин мебошад. Узбекистон, Русия, Чин, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон ва Эрон узви СҲШ мебошанд. Афғонистон, Муғулистон ва Белорус узви нозири созмон ҳастанд.