Духтарони афғонистонӣ дар Душанбе мактаб хонданд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

29 хатмкарда, аз ҷумла, 13 писару 16 духтар дар як маросими вижа дар Сафорати Афғонистон дар Душанбе соҳиби шаҳодатномаи хатми мактаб гардиданд. 16 духтар дар ҳоле соҳиби шаҳодатнома шуданд, ки дар Афғонистон баъди ба қудрат расидани Толибон духтарон аз синфи 6 боло ҳаққи таҳсил надоранд.