Боздошти як сокини Истаравшан дар марзи Афғонистон
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Як сокини 22-солаи шаҳри Истаравшан дар наздикии марзи Афғонистон дастгир шудааст. Мақомоти қудратии Тоҷикистон дар ин бора хабар надодаанд, вале як манбаи наздик ба тафтишот ба Радиои Озодӣ гуфт, шаҳрванди Тоҷикистон талош дошт ба Афғонистон гузарад ва бо гуруҳҳои ифротӣ бипайвандад.