Ба кишоварзон тариқи лоиҳаи “Рушди деҳот тавассути муносибатҳои бозоргонӣ” Оҷонсии рушди ИМА (USAID) кумак кардааст.
Оилаи Собитовҳо дар деҳаи Сомғори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз камтарин сокинон ҳастанд, ки бори аввал истеҳсоли газ аз поруи чорпоёнро ёд гирифтанд. Танҳо поруи ду гов кифоя ҳаст, ки онҳо шабонарӯз гази табиӣ ва аз нигоҳи экологӣ тоза дошта бошанд.
Санавбар Мансурова, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ин роҳи нав мушкили бузурги хонаводаи онҳоро ҳал кардааст. “Пеш гази моеъ истифода мекардем, хуб буд, аммо камтар сиёҳ мекард ва ҳам паст буд. Хӯрокамон тезтар мешавад. Вақт агар танг бошад чой дарҳол меҷӯшад,”—гуфт ӯ.
Ин хонавода асосан бо кишоварзӣ машғуланд ва хушҳол аз он ҳастанд, ки бо ёрии таҷҳизоти наве бо номи “биодайҷестер” акнун вазъи заминдорӣ низ беҳтар мешавад. Дар оянда метавонанд бо насби таҷҳизоти иловагӣ барқи ройгон низ бигиранд.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шавкат Собитов, сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ҳам аз пору газ мегиранд ва ҳам онро дар заминҳои кишоварзӣ барои ҳосили хуб истифода мебаранд.
Технологияи нав ба хонаводаҳо ва чорвопарварон имкон медиҳад, аз сӯхтани ҳезуму дигар маводи сӯхти сердуд даст кашанд ва газеро ба ҷойи онҳо истифода баранд, ки муҳитро олуда намекунад. Занҳо низ аз кори сахти омода кардану хушконидани таппак халос мешаванд.
Маводе, ки газ аз он ба даст меояд, на партоб, балки бионурӣ ё нурии табиӣ барои парвариши зироат хоҳад буд. Фанноварии навро барои мардуми деҳот зарур медонанд, ки дар зимистон аз бебарқӣ дар хонаҳои сард ранҷ мекашанду роҳи бурунрафт аз ин мушкилро меҷӯянд. Ин таҷҳизотро Наимҷон Тоҳиров, раҳбари як хоҷагии деҳқонӣ низ роҳандозӣ кардааст ва истифодаи онро безарару манфиатовар медонад.
“Дар масъалаи бехатарӣ аз тарафи Хадамоти оташнишонӣ ва экология санҷида шуда, баъд иҷозат дода шуд. Ин таҷҳизоти биогаз атмосфераи зиёд надорад. Ҳамагӣ ду атмосфера газ пайдо мешавад. Даҳ сол барои истифодабарияш кафолат додаанд ва барои хоҷагиҳо ягон зиён надорад,”—гуфт Наимҷон Тоҳиров, раиси хоҷагии деҳқонии “Сиддиқбой Саркор”.
Ҳоло ӯ ният дорад, ки бо даст додани имконият системаи истеҳсоли биогази калонҳаҷмро насб намояд. Аз ҳама системаи хурдаш ҳудуди 15 ҳазор сомонӣ аст ва системаи калонҳаҷми он аз ин нарх фарқи зиёд надорад.
Ташаббускорони ин лоиҳа азм доранд, ки дар дигар манотиқи Тоҷикистон низ ин тарҳро роҳандозӣ кунанд ва бо бонкҳои кишвар роҳҳои иқтисодии онро низ баррасӣ доранд.
Маҳинахон Сулаймонова, Роҳбари ташкилоти машварати кишоварзии “Нексигол Мушовир” гуфт: “Мо аллакай дар чанд минтақаи Тоҷикистон, ба мисли Хатлону Рашт, ҳафтод таҷҳизот насб карда истодаем. Инҳоро ҳамчун қитъаи намоишӣ омода дорем. Вақте насб мекунему газ дар оташдони хонаводаҳо пайдо шуд, ҳамсоя ва шиносу дӯстону ҳамин хонаводаҳо омада дида истода ба мо муроҷиат мекунанд. Яъне, онҳо низ мехоҳанд, чунин таҷҳизотро насб кунанд. Нияти “Нексигол” ҳамин аст, ки дар аксари деҳоти дурдасттарини Тоҷикистон ақаллан як адад чунин таҷҳизот дар ду соли оянда насб карда шавад.”
Ин фанноварӣ аввал дар Мексикаву Амрикои Лотинӣ кашфу таҷриба шудааст. Пасон дар кишварҳои Ҳинду Бангладеш низ дар доираи васеъ истифода шуда, ҳамакнун то ба давлатҳои Осиёи Марказӣ расидааст. Тоҷикистон дар минтақа барои таҷрибаи ин навгонӣ аввалин хоҳад буд.
Ҳадафи ниҳоии тарҳ ва раҳандозии технологияи нав мусоидат ба рушди кишоварзӣ, як соҳаи муҳими иқтисоди Тоҷикистон аст, ки садҳо ҳазор нафар дар он кор мекунанд. Иҷрои барнома ҳамчунин барои ҷавонони деҳот ҷойҳои нави кор меофарад, ки Тоҷикистон ҳоло назар ба ҳар вақти дигар ба он эҳтиёҷ дорад.