Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Сару калобаамро гум кардаам, намедонам, куҷо равам" ВИДЕО


Киштзори ҷуворӣ, ки жола хароб кардааст.
Киштзори ҷуворӣ, ки жола хароб кардааст.

Жолаи сахту ногаҳонӣ ба даҳҳо гектар зироати кишоварзон дар ноҳияи Фархор зарар расонд ва деҳқонон умедашонро аз ҳосили имсол кандаанд.

Кишоварзони зиёндида мегӯянд, баъди ин бедодгарии табиат ба мақомот муроҷиат карданд, ки онҳоро қисман аз молиёт озод кунанд, аммо посухе нашунидаанд.

Сунатулло Мирзоев, сокини деҳаи Навободи поёни ҷамоати Зафари ноҳияи Фархор ва раҳбари хоҷагии деҳқонии “Сунатуллои С” рӯзи 30-юми май ба Радиои Озодӣ гуфт, ки рӯзи 26-уми май дар деҳа жола борид ва даҳҳо гектар пахта ва дигар навъи зироатҳоро аз байн бурд. Ӯ гуфт, замини ӯ камтар осеб дидааст, аммо заминҳое ҳаст, ки “аз ниҳолҳои пахтааш дигар нишон намондааст.” Ӯ мегӯяд, ки то кунун ягон мутахассиси хуб пайдо накарданд, то ба онҳо гӯяд, ки киштзорҳои осебдида ҳосил медиҳанд ё на.

Сунатулло Мирзоев афзуд: “Як абри сиёҳ баланд шуд, чунон жола зад, ки замину замон сафед шуд. Кишти мардумро нобуд кард. Аммо то кунун нафаҳмидем, ки ёрдам мешавад, ё не? Гӯянд, ки пахта мешавад, ё не, агар нашавад, маҷбурем кишт кунем.” Баъзе кишоварзон баръакси Сунатулло Мирзоев мегӯянд, ки дигар имкон ва тавони кишти дубораро надоранд. Муродалӣ Хоҷаев, роҳбари хоҷагии деҳқонии “Ҳоҷимуҳаммадрасул” гуфт, ки ду маротиба пахтааш зарар дид ва ҳоло аз бонк ва корхонаи пахтаи “Зиёратшоҳ” ҳашт ҳазор сомонӣ қарздор шудааст.

"Сару калобаамро гум кардаам, намедонам, куҷо равам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Хоҷаев гуфт, ки ҳоло аз пахтаи ӯ чизе намондааст ва дар гумон аст, ки имсол ҳосил бигирад. Ӯ афзуд, масъулони ҷамоат ва як намоянда аз Раёсати кишварзӣ гуфтанд, ки аз дасти онҳо фақат ҳамин меояд, ки дар бораи зиён аз офати табиӣ ба мақомоти болоӣ гузориш диҳанд. Дар Раёсати кишоварзии ҳукумати Фархор ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки аз зарар дидани киштзори деҳаи Навободи поён огаҳанд ва як комиссия ташкил кардаанд, ки вазъро меомӯзад ва чора меандешад.

Муродалӣ Хоҷаев мегӯяд: “Якум маротиба пахтаи моро сармо зад, тамоман хушк шуд. Дуюм маротиба бо умед коштем, ки Худованд ягон хубӣ меорад, аммо ин офат омад, ҳамаашро бурд. Қарздор шудам ва сару калобаамро гум кардаам, дигар намедонам аз куҷо оварда бори севвум кишт кунам.”

Кароматулло Неъматов, раиси собиқи ҷамоат гуфт, ки 250 гектар замин зарари сахт дидааст. Неъматов гуфт, баъзе аз кишоварзон то 3000 ҳазор сомонӣ қарздор шудаанд ва аксарият тавони кишти такрорӣ надоранд. Ӯ мегӯяд, ки аксари пахтакорон аз корхонаи коркарди пахтаи “Зиёратшоҳ” қарздоранд ва Худо медонад, ки ба дигарбора ба онҳо қарз диҳад. Корхона асосан пахтаро аз кишоварзони ноҳия мехарад.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт: “250 гектар киштзор зарар дидааст. Ман дар вақташ раиси ҳамин деҳот будам, вақте киштзор аз офат зарар медид, худи ноҳия кумак мекард ва онро аз сар кишт мекарданд. Аммо корхонаи пахта хусусӣ аст, нахоҳад қарз намедиҳад. Бояд ноҳия кӯмак кунад.” Деҳқонон дар Фархор мегӯянд, соли сеюм аст, ба сабаби офатҳои табиӣ, ё хушксолӣ, ё сел ҳосили дуруст гирифта наметавонанд. Соли 2018 хушксолӣ ба гандуму пахта зарар расонд. Имсол ҳавои сербориш ва хуб омад, вале жола ҳамаро хароб ва онҳоро мӯҳтоҷ кард.

XS
SM
MD
LG