"Агар барои хориҷа пул набошад, Тоҷикистон беҳтарин ҷойи истироҳат аст"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Бо фаро расидани тобистон мавсими сайёҳат дар ҷаҳон оғоз мешавад. Сокинон талош мекунанд дар рӯзҳои гармтарини сол макони истироҳати хуб пайдо кунанд. Мардуми Тоҷикистон дар фасли гармо барои истироҳат ба куҷо мераванд? Оё сокинон барои ин гуна сафарҳо маблағ доранд? Хабарнигорони Радиои Озодӣ ин суолро аз сокинон дар хиёбонҳои Душанбе пурсиданд.