"Сел хонаву киштзорҳоро нобуд кард. Додамонро ба кӣ гӯем?"
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҳукумати Толибон дар Афғонистон гуфтааст, ки танҳо дар моҳи май селу обхезӣ дар ин кишвар бештар аз 400 нафарро куштааст. Танҳо дар вилояти Бадахшон 10 узви як оила ҷон додаанд ва ҳеч касе аз хонавода зинда намондааст. Дар ин миён бештар аз ҳама вилояти Бағлон осеб дидааст.