Кордзании ду наврас дар Ёвон. Яке захмӣ, дигаре дастгир ва мудир барканор шуд

Ҳодиса дар як хиёбони Ёвон рух додааст

Мақомоти Ёвон ҳодисаи ҳамла ба корд ба як хонандаи мактаби ин ноҳияро таҳқиқ мекунанд.

Рӯзи 25-уми май хонандаи синфи 8-и мактаби 75-и ноҳияи Ёвон дар ҷанҷоле бо як ҳамсолаш шаш зарби корд хӯрдааст. Дар аксҳое, ки ба дасти Радиои Озодӣ расид, дида мешавад, зарбҳои корд ба шиками наврас расидаанд. Ҳамлагар, ки ҳамсинфи ӯ будааст, боздошт шудааст.

Дар пайи ин ҳодиса Гулшан Бобизода, мудири маорифи ноҳияро аз мақомаш барканор кардаанд.

Як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Ёвон рӯзи 29-уми май дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки ҷабрдида писари муҳосиби собиқи бозор ва ҳамлагар писари раиси бозори марказии ноҳия аст.

“Хонандае, ки ҷароҳати сахт бардоштааст, аз бахши эҳёгарӣ ба ҳуҷраи умумии беморхонаи ноҳия гузаронида шудааст,”—гуфт ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ.

Дар наворе, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, дида мешавад, гурӯҳе аз сокинон талоши наҷоти ҷавонеро доранд, ки танаш хунолуд аст.

Шоҳидон ба Радиои Озодӣ нақл карданд, ки ин ҷавон фавран ба беморхона бурда шуд ва пизишкон наҷоташ доданд.

Зоҳиран, чанд соли ахир кордзанӣ миёни хонандагон дар мактабҳои Тоҷикистон ба як мушкили доғ табдил ёфтааст.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ҳар сол бо баргузор кардани амалиёти “Корд” хонандагонро бозҷӯи мекунад ва садҳо корд аз онҳо мусодира мекунад.

Моҳи марти соли гузашта дар ҷанҷоле миёни хонандагон дар Кӯлоб як хонандаи синфи 10 кушта шуд.

Додгоҳи олии Тоҷикистон дар моҳи январи соли гузашта як ноболиғи сокини ноҳияи Рӯдакиро барои занозанӣ ва қатли ҳамсолаш ба 11 сол зиндон маҳкум карда буд.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД:

Як наврасро дар Душанбе ба қатли ҳамсолаш гунаҳкор кардандНаврасе, ки аз зарбаи корди ҳамсинфаш захмӣ шуда буд, даргузашт