Раҳбари ҷумҳурихоҳи маҷлиси Амрико Майк Ҷонсон рӯзи 24 май гуфт, нахуствазири Исроил Бенямин Нетаняҳу қарор аст дар назди аъзои Конгресс суханронӣ кунад.
Ин дар ҳолест, ки равобити миёни раҳбари Исроил ва президенти ИМА Ҷо Байден дар робита бо тарзи пешбуржи ҷанги Ғазза аз ҷониби Исроил пуртаниш шудааст.
Ҷонсон мунаққиди президенти демократи Амрико аст. Ӯ, ки дар маросими бахшида ба Рӯзи истиқлолияти Исроил дар сафорати ин кишвар суханронӣ мекард, баромади Нетаняҳуро дар назди Конгресс “намоиши қавии пуштибонӣ аз ҳукумати Исроил дар замоне, ки ин кӯмак бисёр зарур аст”, номид.
Ин ҳодиса метавонад демократҳои пешрафтаи мунаққиди амалиёти низомии Исроил дар Ғаззаро бештар хашмгин кунад.