Аз 11 то 16 сол зиндон ба иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Украина

Додгоҳи Қрим панҷ сокини ин нимҷазираи ишғолшудаи Украинаро бо гуноҳи ҷосусӣ ба нафъи Киев ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кард.

Дар баёнияи додгоҳ аз рӯзи 12-уми май гуфта мешавад, ки ҳамаи онҳо шаҳрвандии Украинаро дошта, бояд аз 11 то 16 соли умрро дар зиндон гузаронанд.

Муфаттишон гуфтаанд, ин афрод маълумотро дар бораи ҷой, роҳҳои ҳаракат ва теъдоди сарбозони Русия ба Украина мерасонданд. Бар асоси иддаои тафтишот, артиши Украина бо истифода аз ин иттилоот ба мавзеъҳои нерӯҳои Русия зарба мезадааст.

Бино ба гузоришҳо, соли 2023 дар Русия дар умум 9 касро бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи Украина ба зиндон маҳкум кардаанд ва бисёре аз онҳо шаҳрвандони кишварҳои собиқи Шӯравӣ ҳастанд.

Моҳи октябри соли гузашта, аз ҷумла як сокини Панҷакент Шарифҷон Тиллозодаро, ки барои рафтан ба ҷанги Украина омодагӣ мегирифт, бо иттиҳоми ҷосусӣ ба нафъи ин кишвар дастгир карданд. Дар сурати собит шудани иттиҳом, мумкин аст, ӯро аз 10 то ба 20 сол зиндон маҳкум кунанд.