Дар ҷойи Шойгу, ки масъули ҷанги Русия дар Украина буд, Андрей Белоусов, муовини аввали нахуствазир вазир нави мудофиаи Русия таъин шуд.
Шоми якшанбе, 12 май, Владимир Путин ба Шӯрои Федератсия номзади вазир ва раҳбаронеро эълон кард, ки бевосита ба президент итоат мекунанд. Қариб ҳамаи раҳбарони ин блок, ба истиснои Сергей Шойгу, мақоми худро нигоҳ доштанд. Шойгу дар ҳоле раҳбари Шӯрои амнияти Русия таъин шуд, ки бо фармони дигари Путин Николай Патрушев аз ин вазифа барканор карда шуд.
Мақоми нави Патрушев маълум нест, аммо сухангӯи Кремл гуфт, вазифаи нави ӯ дар рӯзҳои наздик маълум мешавад.
Вазифаҳои нави Шойгу ҳамчунин ҷойнишинии Путинро дар комиссияи комплекси ҳарбӣ-саноатӣ хоҳад ва роҳбарии Хадамоти ҳамкори низомӣ-техникии Русияро фаро мегиранд, ки аз тобеияти вазорати дифоъ берун шуда, ҳоло бевосита ниҳоди зери назорати президент ҳастанд.
Сергей Шойгу аз афроди наздик ба Путин шумурда мешавад. Ӯ яке аз муассисони ҳизби ҳоким дар Русия, “Русияи воҳид" аст, ки дар ду давраи аввали раёсатҷумҳурияш нерӯи аслии ҷонибдори Путин дар порлумон буд. Аммо Шойгу миёни фаъолон ва блогнависони тарафдори ҳукумат барои нокомиҳои низомии Русия дар ҳамла ба Украина шадидан интиқод мешуд.
Сергей Шойгу аз соли 2012 инҷониб вазири мудофиа буд. Забти Қрим дар соли 2014 ва ҳамлаи бедалели Русия ба Украина дар феврали соли 2022, ки то ҳол идома дорад, дар замони вазирии ӯ сурат гирифт.