Дар Афғонистон беш аз 300 кас дар офатҳои табиӣ ҷон доданд

Ба гуфтаи масъулони Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ, дар паи обхезиҳои ахир дар  шимоли Афғонистон  беш аз 300 нафар ҷон дода, зиёда аз 1000 хона тахриб шудааст.

Ин ду арқоми WFP ду баробар бештар назар ба гузоришҳои ҳукумати Толибон аст. Рӯзи 11 май сухангӯи вазорати корҳои дохилии ҳукумати Толибон Абдул Матин Канӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфт, ки дастикам 135 нафар маҷрӯҳ шудаанд.

Дар аввал гуфта мешуд, ки вилояти Бағлон дар миёни манотиқи бештар аз ҳама осебдида мебошад, аммо мақомот вилоятҳои Бадахшон, Ғӯр ва Ҳиротро ба ин рӯйхат шомил кардаанд. Сухангӯи ҳукумати Толибон Забеҳулло Муҷоҳид аз офатҳои табиӣ ва марги инсонҳо изҳори андӯҳи амиқ кард ва гуфт, дар ин чаҳор минтақа "талафоти вазнин"-е мушоҳида мешавад.

Вазорати дифои Толибон рӯзи 11 май гуфт, ки нерӯҳои ҳавоӣ сокинони дармондаро дар Бағлон берун мебаранд ва иддае аз онҳоро ба бемористонҳои низомӣ интиқол додаанд. Ҳукумати таҳти раҳбарии Толибон танҳо аз ҷониби Чин эътироф мешавад, ҳарчанд як қатор кишварҳо дар бисёр мавридҳо бо ин мақомот дар амри дастрас кардани ёриҳои башардӯстона ҳамкорӣ мекунанд.