Вазорати корҳои хориҷаи Узбекистон ҳафтаи ҷорӣ аз муҳоҷирон хост, бо омодагии хуб ва тамоми санадҳои зарурӣ ба Қазоқистон сафар кунанд. Вазорат таъкид гуфтааст, мумкин аст, ба онҳое, ки дар Русия қонуншиканӣ кардаанд, иҷозаи вуруд ба Қазоқистонро надиҳанд. Аз ин пеш муҳоҷирон ва мақомоти Тоҷикистон ҳам аз сахт шудани тафтиши муҳоҷирон дар Қазоқистон хабар доданд.
Бо зиёд шудани фишору мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия, шумори онҳое афзоиш ёфт, ки дар ҷустуҷӯйи кору даромад роҳи Қазоқистонро пеш гирифтанд. Зоҳиран ба ҳамин сабаб тафтиши муҳоҷирон дар ин кишвар сахттар шудааст. Дар фурудгоҳҳои Қазоқистон чораҳои амниятиро тақвият додаанд ва хориҷиёнеро, ки ба ин кишвар меоянд, сахт тафтиш мекунанд.
Зимни санҷиш бештар ба ҳадаф ва мӯҳлати иқомати муҳоҷирон таваҷҷуҳ мекардаанд. Баъди ин ҳама Тоҷикистон аз шаҳрвандонаш хост, пеш аз сафар ба Қазоқистон ҳуҷҷатҳои заруриро омода ва дуруст кунанд ва барои ҷавоб ба саволҳо дар фурудгоҳ тайёр бошанд. Як масъули консулгарии Тоҷикистон дар шаҳри Алмаато гуфт, як моҳ боз шикоятҳои зодагони Тоҷикистон зиёд шудааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Корманди консулгарии Тоҷикистон дар Алмаато бо номи Абдусамад гуфтааст:
“Шикоятҳо аз ҷониби шаҳрвандони мо ворид шуд, ки моро дар фурудгоҳ то дер бозмедоранду мепурсанд. Мо ҳам дар фурудгоҳ будем, воқеан чунин ҳолатҳо ҳастанд. Вале дар бораи ин, ки чӣ саволҳо мепурсанд, шумо метавонад аз ниҳодҳои Қазоқистон посух бигиред. Вале ин мушкил ҳаст. Мегӯянд моро то 2-3 соат дар фурудгоҳ нигаҳ медоранд, мепурсанд.”
Дипломати тоҷик мегӯяд, ин ҳолат ба ҳамлаи террористӣ дар Маскав рабт надорад. Вале бисёр муҳоҷирон мегӯянд, ин дуруст нест ва сахттар шудани тафтишу пурсишҳо баъди ҳамла ба “Крокус ситӣ” мушоҳида мешавад.
“Ба Қазоқистон ҳам зарари Маскав расид... Ҳоло инҷо нархи ҳуҷҷат барои шаҳрвандони Тоҷикистон 150 ҳазор танга шуд. Барои муҳоҷирони узбек 80 ҳазор танга аст. Ҳарчанд расман нархи андоз барои ҳама баробар аст. Мегӯянд, ба хотире, ки мо тоҷикем, бояд бештар пардохт кунем”, гуфт як корбари тоҷике аз Қазоқистон.
Рӯзи 10 май дар сӯҳбат бо як расонаи қазоқистонӣ намояндаи расмии Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон гуфт, сахттар шудани санҷишҳои муҳоҷирон дар ин кишвар зидди тоҷикон равона нашудааст, балки ба зиёд шудани муҳоҷирон рабт дорад.
Фаридун, як муҳоҷири дигари тоҷик, ки дар Қазоқистон кору зиндагӣ дорад, мегӯяд, дар минтақаи ғарбии ин кишвар вазъ оддӣ аст:
“Ман дар ғарби Қазоқистон ҳастам, дар Уралск. Ман нашунидам, ки рейд гузаронида бошанд. Дар ин шаҳр 200 тоҷик кор мекунад, вазъ ором аст. Шояд рейд дар Остона ва Алмаато мегузаронанд. Он ҷо воқеа баҳор чунин амалиёт мегузаронанд, то бачаҳо ҳуҷҷатҳоро дуруст кунанду андоз супоранд.”
Бархе аз муҳоҷирони тоҷик ҳанӯз рӯзи 7-уми май ба Озодӣ шикоят карданд, ки дар баробари тафтишу санҷишҳо дар фурудгоҳҳо, дар худи Қазоқистон амалиёт алайҳи муҳоҷирон шурӯъ шудааст. Вазорати корҳои дохилии Қазоқистон ҳам аз анҷоми рейд ё амалиёт дар вилояти Улутау хабар додааст. Пулис 16 шаҳрванди хориҷиро, ки санадҳои заруриро надоштанд, боздошт кардааст. Нуҳ нафари онҳо зодаи Тоҷикистонанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Билет ба Русия арзону камхарид шудааст" Раҳмон ва Путин аз Крокус ва муҳоҷирон гуфтанд Шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Санкт-Петербург 60% кам шудаастБа даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия дигарбора патент надодаанд