Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба даҳҳо муҳоҷири тоҷик дар Русия дигарбора патент надодаанд


Ба садҳо муҳоҷир дар Петербург патент надоданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:05 0:00

Видеоро дар инҷо бинед

Мақомоти Русия рӯзи 7-уми май ба зиёда аз сад муҳоҷири тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург иҷозаи кор ё патент надода, гуфтаанд, ки рӯзи 21-уми май биоянд.

Шарҳи расмӣ дастрас нест. Баъзе аз муҳоҷирон рӯзи 8-уми май шикоят карданд, ки “асосан дархости шаҳрвандони Тоҷикистон ва бидуни пешниҳоди далел” рад шуд.

Чанде аз онҳо бори сеюм барои дарёфт ё тамдиди муҳлати патент ба идораи муҳоҷирати шаҳри Санкт-Петербург рафта, дасти холӣ баргаштанд. “Касе ҳам намегӯяд, ки чаро ба мо иҷозаи кор намедиҳанд,” – гуфт яке аз муҳоҷирон рӯзи 8-уми май ба Радиои Озодӣ.

Чанд муҳоҷире, ки посухи рад гирифтаанд, гуфтанд, муҳлати патенти онҳо моҳи март ва апрели имсол ба охир расида, вале талошҳояшон барои тамдиди он то кунун натиҷа надодааст.

Ба ин гурӯҳи муҳоҷирон 23-юми апрел гуфта буданд, ки 7-уми май муроҷиат кунанд. Ҳоло онҳо хавф доранд, ки мумкин аст барои надоштани патент аз Русия ронда хоҳанд шуд.

Дар бештар аз як моҳи охир фишор ба муҳоҷирони тоҷик дар Русия афзоиш ёфтааст. Мақомоти Русия инро чораи муваққатӣ ва пешгирӣ аз терроризм медонанд. Ҳукумати Тоҷикистон рафтори мақомоти русро “ҳадафмандона ва номуносиб” номида, аз мардум хост, бе зарурат ба Русия нараванд.

Вазъ пас аз ҳамлаи маргбор дар толори консертии “Крокус Сити Ҳолл” дар Маскав бад шуд. Ҳодисае, ки дар пайванд ба он мақомоти Русия 12 шаҳрванди Тоҷикистонро ба ҳабс гирифта, бархеро тарроҳу омили асосӣ ва иддаеро сармоягузору ёридеҳ номиданд. Баъзе аз гумонбарон дар шикояташон ба додгоҳ худро бегуноҳ донистанд.

XS
SM
MD
LG