Маҷмаи кулли СММ қатъномаи Имороти Муттаҳидаи Арабиро қабул кард, ки он ба Шӯрои амният машварат медиҳад узвияти маъмурияти Фаластинро ба ҳайси узви комилҳуқуқ бипазирад. Ба тарафдории қабули ин санад 143 кишвар овоз дода, 9 давлат, аз ҷумла ИМА, Исроил, Венгрия ва Чехия мухолиф баромаданд. 25 узви СММ аз овоздиҳӣ худдорӣ карданд ва дар миёни онҳо Бритониё, Украина ва Гурҷистон мебошанд.
Шурӯъ аз ҷаласаи баъдии Маҷмаи кулл дар моҳи сентябр, ин қатънома ба фаластиниҳо ҳақу имтиёзҳои иловагӣ медиҳад. Ҳайати Фаластин, аз ҷумла, ҳақ дорад на тавассути кишвари дигар, тавре имрӯз ҳаст, балки ба таври мустақим пешниҳоду ислоҳҳои худро пешбарӣ кунад.
Дар гирди миз аз рӯи алифбо курсии худро дошта бошад ва дар ҷаласаҳои ҳошиявиву кумитаҳои маҷмаи кулл намояндагони ҳайати фаластинӣ ҳам ба мақомҳо интихоб шаванд.
Барои ба узвияти комилҳуқуқ қабул шудани Фаластин ризоияти Шӯрои амният ва баъди ин сеяки овозҳои аъзои Маҷмаи кулл лозим мешавад.
Рӯзи 19 апрел Шӯрои амнияти СММ қабули тарҳи қатънома аз рӯи ин мавзӯъро рад намуд. Он замон ИМА ҳамчун узви доимии Шӯрои амният ин дархостро вето кард. Аз соли 2012 ба ин сӯ маъмурияти Фаластин дар СММ ба ҳайси як кишвари нозир иштирок мекунад.