Вохӯрии марзбонони тоҷику қирғиз баъди як рӯзи тирпаронӣ

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон. Акс аз бойгонӣ

Баъди як рӯзи тирпарронӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ва захмӣ шудани як омӯзгори тоҷик, марзбонони ду кишвар вохӯрдаанд. Вохӯрӣ рӯзи 8-уми доир шудааст.  

Дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд навишт, ду тараф дар бораи сабабҳои рух додани нофаҳмӣ миёни шаҳрвандону марзбонон ва рафтори сокинони маҳаллӣ дар вақти чаронидани чорво суҳбат кардаанд.

Мақомот гуфтанд, намояндагони идораҳои марзбонии ду тараф чигуна пешгирӣ кардани низоъ дар марзро баррасӣ кардаанд. Ҳукуматҳои маҳаллӣ муваззаф шудаанд, ки барои зиёд кардани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ ва нигаҳдории муносибати неки ҳамсоядорӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронанд.

Дар хабарномаи расмии ҳукумати вилояти Суғд, дар бораи тир хӯрдани омӯзгор аз ноҳияи Ҷаббор Расулов чизе гуфта нашудааст. Маълум нест, ки намояндагони идораҳои марзбонии ду кишвар дар бораи ин ҳодиса чӣ гуфтанд.

Рӯзи 7-уми май дар натиҷаи тирпарронӣ дар сарҳади Тоҷикистон ва Қирғизистон, Олимҷон Абдуллоев, омӯзгори 34-сола аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, захмӣ ва дар бемористон бистарист. Хадамоти марзбонии Қирғизистон гуфт, "чӯпонҳои тоҷик" ҳудуди он кишварро гузашта, "ба амри сарҳадбонон гӯш надоданд" ва "ба тарафи онҳо санг партофтаву ду-се дафъа тир холӣ карданд". Нерӯҳои марзбонии КДАМ-и Тоҷикистон дар изҳороте гуфт, Олимҷон Абдуллоев бо шунидани боздошти писараш, Рамзан Абдуллоев, ба хати марз рафт, то қазияро дақиқ ва "ба низомиёни қирғиз дар деҳаи Сулюкта муроҷиат кунад".

Аҳволи омӯзгори маҷруҳ муътадил гуфта мешавад.