Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маскав рафт

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин, акс аз моҳи феврали соли 2024

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 8-уми май ва баъди тақрибан ду моҳи ҳамлаи маргбор ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав, ки сабаби боздошту ихроҷи баъзе аз муҳоҷирони корӣ шуд, ба Русия рафт.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ гуфт, "боздиди корӣ"-и Эмомалӣ Раҳмон бо даъвати Владимир Путин, президенти Русия, сурат мегирад.

Маълум нест, мавзӯи муҳоҷирони тоҷик ва шароити кору будубоши онҳо дар Русия баррасӣ хоҳад шуд ё не.

Ба хабари расмӣ, Эмомалӣ Раҳмон дар маъракаи бахшида ба 79-умин солгарди Рӯзи Ғалаба (пирӯзӣ дар Ҷанги Дувуми Ҷаҳон) ва мулоқоти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат хоҳад кард.

Раҳбарони Тоҷикистон ва Русия дар як суҳбати телефонӣ рӯзи 3-юми май ҳамкориҳоро аз ҷумла дар бахши муҳоҷирати корӣ баррасӣ карда буданд.

Он замон Кремлин дар эъломияе бозтоби қазияи муҳоҷирони кориро “кӯшиши нерӯҳои муайян” барои “ба таври сунъӣ шиддат бахшидани масъала” номида, гуфт, дар ҳамоҳангӣ пеши роҳи онро хоҳанд гирифт, аммо аз ҳеч нерӯе ном набурд.

Ҳар сол садҳо ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон барои кори муносибу даромади бештар ба Русия мераванд. Тайи зиёда аз як соли охир тафтишу боздошти онҳо афзудааст. Ин вазъ пас аз ҳамлаи 22-юми марти имсол ба "Крокус Сити Ҳолл"-и Маскав, ки 144 кушта барҷой гузошт, шиддат ёфт. Мақомоти Русия дар пайванд ба ин ҳодиса дувоздаҳ зодаи Тоҷикистонро дастгир карда, чаҳор нафари онҳоро омилони асосӣ номбар мекунанд.

Садҳо шаҳрванди Тоҷикистон моҳи апрели имсол иҷозаи вуруд ба Русияро наёфта, садҳо нафари дигар дар фурудгоҳ дармонданд ва ё ихроҷ карда шуданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи 29-уми апрел бо “нигаронии ҷиддӣ” намуда, аз “муносибати махсусан дағалонаи мақомоти Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон” ба сафири ин кишвар дар Душанбе нота (ёддошти эътирозӣ) супорид.

"Ин гуна амалҳо танҳо нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ шуда, ба рӯҳия ва анъанаҳои муносибатҳои Тоҷикистону Русия комилан мувофиқ нест," – гуфта шудааст дар баёнияи ВКХ-и Тоҷикистон.

Ҳарчанд вазири корҳои хориҷии Русия тафтиши муҳоҷиронро муваққатӣ ва чораи пешгирӣ аз терроризм номид, мақомоти Тоҷикистон аз сокинон хостаанд, бе зарурат ба Русия нараванд.