Дар Қирғизистон натиҷаҳои интихоботи миёндавраӣ эълом шуд

Комисияи марказии интихоботӣ ва раъйпурсии Қирғизистон натиҷаҳои интихоботи миёндавраии порлумониро дар ҳавзаҳои Бодканд, Ӯш ва Қара-сӯи он кишвра эълом кард.

Ба иттилои комисия, Бекмирзо Эргешов аз ҳавзаи Ӯш, Бахтиёр Калпаев аз ҳавзаи Бодканд ва Илимбек Қубаничбеков аз ҳавзаи Қара-сӯи Қирғизистон дар интихоботи миёндавраӣ пирӯз шудаанд.

Интихоботи миёндавраӣ дар он кишвар 28 апрел баргузор шуда буд. Ин интихобот баъди он доир карда шуд, ки вакилони аз ин ҳавзаҳо интихобшуда ихтиёрӣ аз мандати вакилӣ даст кашиданд.

Расонаҳои Қирғизистон навиштанд, тасмими вакилон дар пайи он гирифта шуд, ки робитаҳои онҳо бо муовини пешини раиси хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов ошкор гардид.