Миср ва Қатар ҳамчун миёнарав пешниҳоди Исроил барои оташбасро бо ҲАМОС ду рӯз дар Қоҳира баҳс кардаанд.
Хабаргузории “Фрасн 24” шоми 5-уми май хабар дод, ки раҳбарони ҲАМОС аз Қоҳира ба Қатар рафтанд. Дар Қатар дафтари сиёсии ҲАМОС ҷойгир аст. Як нафари наздик ба гурӯҳи музокиротӣ ба “Франс 24” гуфтааст, ки “суҳбати ҳайати ҲАМОС бо вазири амнияти Миср ба поён расид ва онҳо барои машварат ба Доҳа рафтанд.”
Ҳайати ҲАМОС гуфтааст, ки пешниҳоди Исроилро бо раҳбарони худ машварат мекунад ва хулосаашро пешниҳод хоҳад кард.
Исроил ба ҲАМОС пешниҳод кардааст, ки бар ивази раҳоии гаравгонҳо 40 рӯз оташбас эълон мекунад, иҷоза медиҳад, ки сокинон ба шимоли Ғазза баргарданд, қисме аз маҳбусони фаластиниро аз зиндонаш раҳо мекунад ва нерӯҳояшро аз долоне, ки ҷанубу шимоли Ғаззаро аз ҳама ҷудо мекунад, берун мебарад.
ҲАМОС тақозо дорад, ки бояд на 40 рӯз, балки дар Ғазза оташбаси доимӣ эълон шавад ва нерӯҳои Исроил ин минтақаро тарк кунанд. Пешниҳоде, ки Исроил қабул надорад ва мегӯяд, то нобудии ҲАМОС пас аз тамом шудани мӯҳлати оташбас меҷангад.
Ҳанӯз маълум нест, ки ҲАМОС ин пешниҳодро мепазирад ё не.
Ҷанг дар Ғазза замоне сар зад, ки ҲАМОС ба Исроил ҳамла карда, беш аз 1200 нафарро кушт ва зиёда аз 200 нафарро гаравгон гирифт.
Исроил ба Ғазза ҳамла кард ва то кунун беш аз 34 ҳазор нафарро куштааст, ки аксарашон занону кӯдакон ҳастанд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ Исроилро барои амалҳояш дар Ғазза пайваста танқид мекунад.