Сафири ИМА раҳоии журналистони тоҷикро хост

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дипломатҳои кишварҳои ғарбӣ аз ҳукумати Тоҷикистон хостанд, ки ба рушди озодии баён монеа нашавад ва рӯзноманигорони зиндониро раҳо кунад. Мануэл Микаллер, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, 3-юми май (Рӯзи ҷаҳонии озодии баён) дар нишасте дар Душанбе номи ҳар яке аз онҳоро ба забон овард.