Мансабдорони туркманро ба харидани соат бо акси президент маҷбур мекунанд

Раҳбарони корхонаҳои давлатиро дар вилояти Балкани Туркманистон маҷбур мекунанд, ки соатеро бо акси Бердимуҳаммадовҳо бихаранд. Ин соати дастӣ аз 1500 то 300 ҳазор манат арзиш дорад.

Хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ мегӯяд, дар Балкан аз раҳбарони ҳамаи корхонаҳои давлатӣ, аз ҷумла беморхонаҳо, шуъбаҳои маориф, нақлиёт ва ниҳодҳои қудратӣ талаб карда шудааст, ки соати дастӣ бо акси раисҷумҳури Туркманистон Сардор Бердимуҳаммадов ва падараш Қурбонқулиро харанд.

"Мудирони мактабҳо ва бунгоҳҳои тиббии деҳотро маҷбур мекунанд, ки соати ёдгории 1500-манатӣ ва роҳбарони ниҳодҳои қудратӣ, сардухтурон ва раисони корхонаҳои бузурги давлатиро вазифадор кардаанд, ки соати 3000-манатӣ харидорӣ кунанд", - изҳор доштааст раҳбари яке аз корхонаҳои давлатӣ дар Балкан дар суҳбат бо хабарнигори радио.

Кормандони корхонаҳои давлатӣ дар Туркманистон пайваста мавриди тамаъҷӯӣ қарор мегиранд. Аз онҳо ҳамеша барои харидани китобҳои президент, нав кардани аксҳои ӯ ва ғайра пул меситонанд.

Президенти пешини Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов то ҳол ҳудуди 70 китоб ва писараш Сардор Бердимуҳаммадов ду китобро ба номи худашон нашр кардаанд.